11.5 C
Tajikistan
Sunday, July 25, 2021

Дар натиҷаи таркиши минаи магнитӣ дар Кобул ду нафар фавтиданд

Сухангӯи полиси Кобул Фирдавс Фаромарз 14 декабр гуфт, ки дар натиҷаи таркиши минаи магнитӣ дар Кобул ду нафар кушта ва ду тани дигар маҷрӯҳ шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии tolonews.com.

Фирдавс Фаромарз афзудааст, ки ҳодиса субҳи рӯзи якшанбе дар наздикии меҳмонхонаи «Парвон» дар ноҳияи 15-уми амниятии Кобул замоне рух дод, ки минаи магнитӣ дар автомашинаи «Ланд Крузер» таркид.

Полис дар бораи шахсияти кушташудагон ва маҷрӯҳони ин ҳодиса тафсилот надодааст.

Ҳеҷ гурӯҳе, аз ҷумла «Толибон», масъулияти таркишро ба дӯш нагирифтааст.

Пештар АМИТ «Ховар» хабар дода буд, ки 12.12.2020 шаҳри Кобул мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор гирифт, ки дар натиҷа як нафар ҳалок ва  чаҳор нафари дигар захмӣ шуданд.

Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали президенти Афғонистон 13 декабр  дар як нишасти матбуотӣ оид ба баррасии вазъи амниятии пойтахт изҳор кард, ки дар ҳамлаҳои мушакии дирӯза дар Кобул даҳ нафар кушта ва 51 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Илова бар ин ҷаноби Солеҳ дар сафҳаи фейсбукии худ навиштааст, ки дирӯз се корманди мақомоти амниятӣ дар таркиши минаи магнитӣ дар ноҳияи 12-уми Кобул кушта шуданд. Толибон даст доштан дар ин ҳамларо рад карданд.

Илова бар ин субҳи рӯзи якшанбе дар Кобул ду таркиш рух дод, ки дар натиҷа ронандаи таксӣ маҷрӯҳ шуд.

Дар робита бар ин пулиси Кобул хабар додааст, ки субҳи имрӯз дар натиҷаи таркиши минаи магнитӣ дар таксӣ дар маҳаллаи якуми Хайрхонаи шаҳри Кобул як нафар маҷрӯҳ шуд. Аммо шоҳидон мегӯянд, ки чаҳор нафар маҷрӯҳ шуданд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти полиси Кобул хабар доданд, ки як дар роҳ ба сӯи фурудгоҳ низ як автомашинаи артиш таркидааст, аммо дар бораи талафоти он маълумот надоданд.

Latest news

ТАСС: Тоҷикистон дар байни кишварҳое, ки бо Россия муносибати хуб доранд, ҷойи аввалро касб намуд

Россотрудничество натиҷаи пурсиши «Дар кадом кишварҳо Россияро бештар дӯст медоранд?»-ро ҷамъбаст кард, ки мувофиқи натиҷаи он Тоҷикистон ҷои аввалро касб намуд. Дар...

ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. То ҷашни миллӣ дар ноҳияи Варзоб беш аз 270 иншоот ба истифода дода мешаванд

Дар доираи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб доир ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бунёди  зиёда  аз 270  иншоот...

ДАР ТАЪМИНИ ГАРМӢ АЗ АНГИШТ ИСТИФОДА МЕБАРЕМ! Дар муассисаҳои иҷтимоии Муъминобод ин сӯзишвориро ба миқдори зарурӣ захира намуданд

Муассисаҳои тандурустии ноҳияи Муъминобод  барои муътадил гузаронидани  фасли тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 омодагии хуб дидаанд. Дар анбори беморхонаҳо ангишту ҳезум ва маводи...

Пажӯҳишгари тоҷик Беҳрӯз Табаров ҷоизаи Озмуни умумироссиягии «Умник-2020»-ро ба даст овард

Пажӯҳишгари тоҷик, номзади илмҳои техникӣ ва докторанти Донишгоҳи давлатии шаҳри Комсомолски лаби Амур Беҳрӯз Табаров зимни иштирок дар Озмуни умумироссиягии «Умник-2020» ғолиб омада, ҷоизаи озмунро...

Related news